Дар Фаронса гурӯҳи иборат аз 60 муфаттиш дар пайи боздошти гурӯҳи дуздони ҷавоҳироти беназири таърихӣ аз осорхонаи маъруфи “Лувр” ҳастанд.
Ба қавли вазорати фарҳанги Фаронса, субҳи 19-уми октябр дар рӯзи рӯшан гурӯҳи муташаккилонаи дуздон худро усто вонамуд карда, тавассути зинапояи барқӣ дохили бино шуда, аз гӯшаи “Аполло” – макони нигаҳдошти ҷавоҳироти салтанатии Фаронса ҳашт нигораи бебаҳо ва аз ҷумла тоҷи ҳамсари Наполеон -маликаи Фаронса – Мария Луизаро дуздиданд.
Шоҳидони ин ҳодиса мегӯянд, ки аснои фирор дуздон тоҷро, ки аз пораҳои алмос ва дигар сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст, афтониданд ва шояд он осеб дида бошад.
Блоки рекламавӣ



