Палатаи поёнии парлумони Фаронса манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 15 сола тасдиқ кард.
“Вакилони маҷлиси миллӣ-палатаи поёнии Парлумони Фаронса-лоиҳаи қонунеро дастгирӣ карданд, ки ба кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро манъ мекунад” – хабар медиҳад BFM TV. Қисми дигари ин бастаи қонунҳо истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд.
Дар марҳилаи оянда, лоиҳаҳои қонун бояд аз ҷониби сенати Фаронса баррасӣ карда шаванд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро дар кӯдакони то 15-сола дастгирӣ кард.
“Зеро мағзи фарзандони мо фурӯхта намешавад. На платформаҳои амрикоӣ ва на шабакаҳои чинӣ. Зеро орзуҳои онҳоро алгоритмҳо дикта карда наметавонанд.
То 1 сентябр кӯдакон ва наврасони мо ниҳоят муҳофизат хоҳанд шуд. Ман дар ин бора ғамхорӣ мекунам” – навиштааст Макрон дар шабакаи иҷтимоӣ.
Пас аз қабул ва эътибор пайдо кардани қонуни дахлдор, Фаронса дуввумин кишвар дар ҷаҳон хоҳад буд, ки дар он кӯдакони то 15-сола аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намебаранд. Австралия аввалин кишваре дар ҷаҳон аст, ки чунин манъкуниро дар ҷаҳон ҷорӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь