Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки ин кишвар давлати Фаластинро расман эътироф мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин эътироф ба таври мунтантан дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябр садо хоҳад дод.

Вай таъкид кардааст, ки вазифаи аслии имрӯз қатъи амалиёти ҷангӣ дар навори Ғазза ва расонидани кумак ба мардуми осоишта аст. Илова бар ин, раҳбари Фаронса номае ба унвони раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббосро нашр кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Фаронса бузургтарин ва бонуфузтарин кишвари аврупоӣ мешавад, ки Фаластинро ба расмият шинохт. То имрӯз беш аз 140 кишвари узви СММ давлати Фаластинро эътироф кардаанд. Дар байни онҳо Русия, Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Туркия, Шветсия ва Лаҳистон ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳое чун Амрико, Олмон, Бритониё, Австралия ва Ҷопон то ҳол Фаластинро ба унвони як давлат ба расмият нашинохтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь