Макрон рӯзи душанбеи 22 сентябр дар қароргоҳи СММ, дар Ню-Йорк, ки дар он ҷо бо ташаббуси Фаронса ва Арабистони Саудӣ ҳамоиши ҷаҳонии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо баргузор мешавад, суханронӣ кард. “Ҳадафи асосии форум, кӯшиши эҳёи қарор дар бораи таъсиси ду давлат, Исроил ва Фаластин дар доираи марзҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мебошад” – хабар доданд СММ.
“Фаронса имрӯз Давлати Фаластинро эътироф мекунад” – гуфт Макрон. Ба гуфтаи ӯ, ин “ба хотири сулҳи байни мардуми Исроил ва Фаластин”анҷом дода мешавад.
Раҳбари Фаронса ҳам ба масъалаи гаравгонҳои рабудашудаи ҳаракати исломии тундрави “Ҳамос” ва ҳам ба амалиёти низомии Исроил дар Ғазза дахл кард.Вақти он расидааст, ки “48 гаравгони боздоштшудаи исроилиро озод кунем, ба ҷангу бомбаборони Ғазза, куштори оммавӣ ва фирори аҳолӣ хотима диҳем”, – гуфт агентии afp дар такя ба суханронии Макрон.
Баъдтар дар ҳамон ҷаласа сарвазири Белгия Барт Де Вевер, инчунин роҳбарони Монако, Малта ва Люксембург дар бораи эътирофи Фаластин ҳамчун давлат изҳор доштанд.
Бритониё, Канада, Австралия ва Португалия ҳанӯз 21 сентябр Давлати Фаластинро эътироф карда буданд.
Дар ҳуҷҷат инчунин талабот дар бораи қатъи ҳукмронии ҲАМАС дар Сектори Ғазза ва озод кардани гаравгонҳои 7 октябри соли 2023 мавҷуд ҳаст. Ҳукумати Исроил овоздиҳиро шадидан танқид кард, дар маъмурияти миллии Фаластин онро истиқбол карданд.

Фаронса, Белжик, Монако, Малта, Люксембург давлати Фаластинро эътироф карданд
Блоки рекламавӣ


