Вазири ҷанги Амрико раиси Ситоди кулли нерӯҳои заминии артиши Амрикоро аз мақомаш барканор кард. Пит Ҳегсет рӯзи панҷшанбеи 2 апрел аз генерал Рэнди Ҷорҷ талаб кард, ки аз мақомаш равад.
Сарчашма аз маҷомоти Амрико дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Рейтерс” гузориши шабакаи CBS дар ин бораро тасдиқ намуд.
Далели расмии ин мавзуъ ҳанӯз эълон нашудааст. Аммо CBS ба нақл аз як манбаъ гузориш дода буд, ки Пит Ҳегсет касеро дар ин мақом мехоҳад, ки “дидгоҳи ӯ ва Доналд Трампро дар нерӯи замини артиш иҷро кунад”.
Генерал Рэнди Ҷорҷи 61-сола, охирин мақоми баландпояи низомӣ аст, ки дар давраи дуюми президентии Доналд Трамп барканор мешавад.
Ин низомии амрикоӣ дар тӯли наздик ба чор даҳсола дар хидмати артиш, борҳо ба Ироқ ва Афғонистон фиристода шуда буд ва дар мақомҳое чун ёвари вазири дифои пешини Амрико Лойд Остин дар даврони Ҷо Байден, анҷоми вазифа карда буд.
Генерал Кристофер ЛаНеве, муовини фармондеҳи Ситоди нерӯҳои заминӣ, ки пештар ёвари Пит Ҳегсет буд, муваққатан фармондеҳии ситодро ба ӯҳда мегирад. Ӯ дар солҳои 2022-2023 фармондеҳи армияи 82-и фазоӣ буд.

Фармондеҳи Ситоди нерӯҳои заминии артиши Амрико барканор шуд
Блоки рекламавӣ


