Дар ноҳияи Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ доданд.
Дар рӯзи аввал иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ ва муқаддас доштани хоки ин сарзамин аз ҷониби ҷавонони ин ноҳия гувоҳ аст.
Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд, ки то охири моҳи ноябр идома мекунад. Масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ кори зиёдеро анҷом додаанд.

Фархор: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал иҷро гардид
Блоки рекламавӣ


