Дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор дар майдони 25 гектар боғи писта ташкил карда шудааст, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти парвариши он диданд кард.
Ба раиси вилоят иттиллоъ дода шуд, ки маҷмӯи заминҳои дар ихтиёрдоштаи хоҷагӣ 35 гектар буда, 25 гектарашро боғи писта ташкил медиҳад. Ташкили боғ дар ин мавзеъ бо назардошти талаботи замон бунёд шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд. Роҳбари хоҷагӣ Холиқов Шарифхон иттилоъ дод, ки дар боғ ниҳолҳои навъи тоҷикӣ дар 21 гектар, эронӣ 2 гектар, туркӣ 2 гектар шинонида шуда, 20 нафар мавсимӣ ва 5 нафар доимӣ ба кор фаро гирифта шудаанд. Қобил ба зикр аст, ки боғи писта бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ бунёд шуда, айни ҳол ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд.