Дар МД “Тоҷикфилм” дарси ҳунарии “Устод ва шогирд” бо иштироки Фарҳод Маҳмудов, Ҳунарпешаи шинохтаи Руссия ва устоди Донишкадаи давлатии умумироссиягии киноматография (ВГИК) баргузор шуд.
Муҳлисони Фарҳод ва дӯстдорони синамо имрӯз имкон пайдо карданд, ки бо ӯ рӯбарӯ шаванд ва дар фазои гарму самимӣ саволу ҷавоб кунанд.
Ӯ дар бораи нозукиҳои ҳунар дар саҳна, кор бо коргардон ва наворбардорон нақл кард ва ба саволҳои шавқовари иштирокчиён посух дод.
Вохӯрӣ пур аз илҳом, дониш ва рӯҳбаландӣ буд.
Ин дарс дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — “Тоҷи Сомон” баргузор гардид, ки аз 15 то 20 октябр дар пойтахти Тоҷикистон идома меёбад.
Ҳадафи баргузории чунин дарсҳо тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди синамои муосир дар фазои ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Фарҳод Маҳмудов — ҳунарманди маъруф, хатмкардаи ВГИК ва мактаби М. Глузский, устоди ҳунар ва роҳбари мактаби ҳунарии ВГИК мебошад. Ӯ бо нақшофарӣ дар филмҳои “Бригада” ва “Застава” шинохта шудааст. Абдураҳмон Раҳмонов

Фарҳод Маҳмудов дарси ҳунарӣ гузаронид
Блоки рекламавӣ


