Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ фаъолияти кӯдакистонеро, ки дар моҳи май як кӯдаки дусола дар он ҷо ҳалок шуда буд, ғайриқонунӣ эълон кард.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, қайд кард, ки муҳлати иҷозатномаи кӯдакистони хусусии «Саволу ҷавоб», ки ҳодиса дар он ҷо рух додааст, ба охир расида будааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин кӯдакистон баста аст. Ба гуфтаи Беҳрӯз Амируллозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, тафтишоти ин парванда ба анҷом расида, мавод ба додгоҳ ирсол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми май як кӯдак бар асари овезон шудан аз кати дугона ба ҳалокат расид. Мураббиро барои “хунукназарӣ ба вазифаҳои хидматӣ” барои ҳангоми хоб танҳо гузоштани кӯдакон боздошт кардаанд.
Блоки рекламавӣ