Додситонии кулли Қазоқистон нақша дорад, фаъолияти ҳаҷвнигори маъруф Нурлан Сабуровро бар асоси моддаи “зархаридӣ” санҷад. Сабаб, эҳтимоли даст доштани ӯ дар маблағгузории низомиёни Русия гуфта мешавад.
Дар ин бора Галимҷон Койгелдиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, хабар додааст. Бар асоси қонун дар Қазоқистон, маблағгузорӣ ба низоъҳои мусаллаҳона манъ аст ва барои ин амал аз 7 то 12 сол зиндон пешбинӣ мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳо, ба санҷиши додситонӣ як навиштаи раҳбари шаҳри Истра аз тобистони соли гузашта дар Телеграм сабаб шуд. Вай гуфтааст, Сабуров ба майдони ҷанг 10 мототсикл фиристод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь