Англия, Канада, Австралия ва Португалия давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд. Ин ҳафта Франсия ҳам ин корро анҷом бояд диҳад. Давлати Исроил аз ин тасмим интиқод карда, онро туҳфае ба гуруҳи “Ҳамос” номидааст.
Кир Стармер, сарвазири Англия гуфт, “Имрӯз бо умеди дарёфти сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо ва роҳи ҳалли ду кишвар, Англия кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад”.
Стармер илова кард: “ҳарчанд умед ба ҳалли низоъ аз роҳи ташкили ду давлат камтар мешавад, аммо бояд нагузорем, ки ин умед пурра аз байн равад.
Ҳамзамон Англия алайҳи гурӯҳи “Ҳамос” таҳримҳои нав ҷорӣ кард” “”Ҳамос” дар идоракунии давлатии ояндаи Фаластин ва таъмини амнияти он наметавонад ҳузур дошта бошад”,-гуфт сарвазири Англия.
Гуруҳи “Ҳамос” пештар аз ҷониби Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь