Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик аз зиндон раҳо шуд. Ин вакили мудофеи 75-сола моҳи ноябри соли 2024 бо гуноҳи “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони додситонӣ” ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо ӯро пеш аз муҳлат озод кардаанд.
Файзи Олӣ чор рӯз пеш аз эълони ҳукм гуфта буд, ки танҳо дар бораи “ришвахории чанд маъмури додситонӣ” ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь