Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон, омили асосии суботи давлат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Роҳбарият ва кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сифати муҳосибӣ, таъмини шаффофияти буҷет, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоту муассисаҳо пайваста талош намуда, уҳдадориҳои хешро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Молия сутуни давлат аст

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён хабарнигори мо бо сардори раёсати мазкур Файзалӣ Маҳмадуллоев, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда нахуст қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Соҳаи молия омили асосии суботи кишвар аст

Ӯ афзуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Давлатии кишвар, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои кормандони молияи ноҳия шароит хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.

Заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати молия ва Нозироти андози ноҳия буд, ки дар давоми 12 моҳи соли 2025 қисми даромади буҷети ноҳияи Кӯшониён 101 дарсад таъмин карда шуд. Қайд гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия соли 2025-ум 256 миллиону 569 ҳазору 188 сомонӣ буд, ки он дар ин давра 259 миллиону 160 ҳазору 984 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин нисбати нақша 2 миллиону 591 ҳазору 796 сомонӣ зиёд мебошад.

Кормандони Раёсати молияи нохияи Кӯшониён дар соли 2026 низ талош менамоянд, ки иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳияро сифатнок ва барзиёд таъмин созанд.

Номбурда илова кард, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад дар соли 2025-ум 260 миллиону 704 ҳазору 981 сомонӣ буд, ки он дар ин давра 259 миллиону 160 ҳазору 984 сомонӣ яъне 99 дарсад таъмин карда шуд.

Дар соли гузашта аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилояти маблағҳои мақсаднок падохт карда шуда, ҳамаи маблағҳои равонкардашуда барои фонди музди меҳнат мақсаднок пардохт гардидааст, – илова кард ӯ.

Қайд гардид, ки барои саривақт омода кардани соҳаҳои маорифу тандурстӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва таъмири муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш аз ҳисоби буҷети ноҳия, маблағҳои пешбинишуда ҷудо гардида, ҳамзамон барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллии ноҳия маблағҳои пешбинишуда аз ҳисоби буҷет ҷудо карда шуд.

Забономузӣ ва такмили ихтисоси кормандон

Ӯ гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёстаи молия доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Дастуру супоришҳо саривақт амали мешаванд

Файзалӣ Маҳмадуллоев, дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо ҷавонон аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.

Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь