Ҳавопаймои радиолокатсионӣ ва идоракунӣ (AWACS) Boeing E-3 Sentry- и ИМА ҳангоми ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии амрикоӣ дар Арабистони Саудӣ 27 март осеби шадид дид.
Инро аксҳои рӯзноманигорони bbc Verify, The Insider ва инчунин таҳлилгарони OSINT тасдиқ мекунанд. Маълумот дар бораи он, ки дар баробари дигар ҳавопаймоҳо E-3 Sentry осеб дидааст, инчунин аз ҷониби манбаъҳои The Wall Street Journal ва Air & Space Forces magazine тасдиқ карда шуд. Сухан дар бораи ҳамлаи мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ба пойгоҳи ҳавоии “Шоҳзода Султон” меравад, ки тақрибан 100 километр дуртар аз Эр-Риёд ҷойгир аст. Тавре WSJ хабар дод, дар натиҷаи зарба 12 сарбози ИМА захмӣ шуданд, чанд ҳавопаймоҳои сӯзишвории амрикоӣ осеб дид. Суратҳои осебдидаи E-3 Sentry 28 март дар шабакаи Facebook Air Force amn/nco/snco нашр карда шуданд, ки дар он хабарҳо дар бораи артиши Амрико пахш карда мешаванд. The Insider изҳор медорад, ки ин шабака майдони ғайрирасмии неруҳои зиддиҳавоии ИМА мебошад.
Аз рӯи аксҳо зарба дар ҳамон ҷое рух дод, ки дар E-3 Sentry радар насб карда шудааст. Дар натиҷаи таркиш қисми қафои ҳавопаймо канда шуд. Агентии Fars, ки бо Корпуси посдорони инқилоби исломии Эрон алоқаманд аст, изҳор медорад, ки ҳавопаймои бесарнишини навъи “Шаҳид”ба ҳавопаймо зарба задааст.
Хабарнигорони Bbc Verify тасдиқ карданд, ки аксҳои ҳавопаймои осебдида дар “Шоҳзода Султон”гирифта шудаанд. Дар яке аз аксҳои тасдиқшуда қисми рақами борти ҳавопаймо ба таври возеҳ дида мешавад. Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи борти рақами 81-0005 меравад. Тибқи маълумоти Flightradar24, он ҳанӯз 18 март дар наздикии пойгоҳи ҳавоӣ буд.
Фармондеҳии марказии ИМА ва мақомоти кишвар ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса шарҳ надодаанд. Boeing Е-3 Sentry дар асоси ҳавопаймои мусофирбари Boeing 707 сохта шудааст. Дар қисми қафои фюзеляжи он дискҳои радиолокатсионии гардишкунанда насб карда шудаанд. Ҳавопаймо барои мушоҳидаи фазои ҳавоӣ ва баҳр истифода мешавад.
Дар маҷмӯъ нерӯҳои ҳавоии ИМА 16 адад чунин ҳавопаймо доранд. Тибқи иттилои маҷаллаи Air & Space Forces, шаштои он дар Халиҷи Форс ҷойгир карда шудаанд. Коршиносони ҳарбӣ бар ин назаранд, ки Boeing E-3 Sentry эҳтимолан ҳадафи асосии зарба ба пойгоҳи ҳавоӣ буд. Аз даст додани ин ҳавопаймо метавонад ба қобилияти Амрико барои пайгирии вазъи Халиҷи Форс таъсир расонад.
Президенти Украина Владимир Зеленский пас аз ҳамла ба пойгоҳи “Шоҳзода Султон” гуфт, ки Русия чанд рӯз пеш аз зарба аксҳои моҳвораии ин пойгоҳи ҳавоиро гирифта, ин маълумотро ба Эрон интиқол додааст. Вай ба суханони худ далел наовард. Маскав қаблан чунин иттиҳомотро рад карда буд.

E-3 Sentry баъди зарбаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Арабистони Саудӣ нобуд шуд
Блоки рекламавӣ


