Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми октябри соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳаи Гулистон 20 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-сола, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 34-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Вахш аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри Истаравшан ворид гардидааст, ки 27-уми октябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи хобаш, воқеъ дар меҳмонхонаи “Мусафо”-и ноҳияи Вахш даромада, аз ҷайби болопӯшаш 5 ҳазору 390 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь