Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар барои азонихудкунии маблағҳои корхона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, ҷойи корашон корманди савдои нӯшокиҳои ташнашикани «Сиёма» дар вилояти Суғд, дар давраи фаъолити кориашон аз моҳи январи соли 2020 то моҳи декабри соли 2022 дар асоси борхат обҳои ташнашиканро, ки ба онҳо ҳамчун корманди савдо бовар карда супорида шуда буд, фурӯхта қисми маблағи онро ба суратҳисоби корхона пардохт карда, боқимонда маблағро марди 27-сола ба маблағи 374 ҳазору 160 сомонӣ ва ҷавони 25-сола ба маблағи 50 ҳазору 912 сомонӣ азонихуд намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздӣ дар “Сиёма”
Блоки рекламавӣ


