Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри мазкур, 2-юми декабри соли 2025 аз мавзеъи «Қавола»-и шаҳри Панҷакент, ки дар он ҷо шаҳрвандон молу маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба фурӯш баровардаанд, якчанд намуд меваҳои полезиро ба маблағи 5 ҳазору 400 сомонӣ, ки ба марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи Фархор бо маслиҳати пешакӣ бо хоҳари шавҳараш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамон ҷо аз 2-юми ноябри соли 2025 то 10-уми декабри соли 2025, ду миллион рубли русии маблағҳои пасандози хушдоманаш зани 49-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар махфигоҳи коҳдонхонааш пинҳон карда буд, дуздида, сипас барои рӯйпӯш намудани кирдорҳои ҷинояткоронаашон коҳдонхонаи мазкурро оташ задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 244 ва қисми 2 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздӣ дар Панҷакент ва Фархор
Блоки рекламавӣ


