“Дар Италия аз осорхонаи хусусии бунёди Маняни-Рокк дар наздикии Парма расмҳои Пер Огюст Ренуар, Пол Сезанн ва Анри Матисс бо арзиши чанд миллион евро дуздида шудаанд” – менависад Bbc News.
Чор ҷинояткори ниқобпӯш 22 март ба осорхонаи воқеъ дар вилла ворид шуданд. Онҳо расмҳои Ренуар “Моҳиҳо”, “Натюрморт бо олуча” Сезанна ва акварели Матисс “Хидматгор дар шоҳроҳ” – ро, ки дар яке аз толорҳои ошёнаи якум овезон буданд, гирифтанд. Тибқи маълумот аз Италия дуздӣ тақрибан се дақиқа тӯл кашид. Пас аз он ки дар вилла занги хатар фаъол шуд, дуздон ҷои ҷиноятро тарк карданд, аниқтараш, аз девор баромаданд ва гурехтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь