Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар як адад сечархаи электронии скутерашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Панҷ содир намудаст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳҳои июл ва августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи хӯроквориаш 7 ҳазору 250 сомонӣ ва маҳсулотҳои хӯроквориро ба маблағи 11 ҳазору 500 сомонӣ дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 2-юми августи соли 2025, шахсони номаълум аз заминҳои чарогоҳи деҳаи Ҷавзодараи ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод 8 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 44-солаи сокини ноҳияи Фархор содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь