Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 57-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 5-уми сентябри соли 2025 шахси номаълум ҳангоми дар беморхонаи “Истиқлол” қарор доштанаш аз ӯ бо баҳонаи муошират кардан телефони мобилиашро гирифта, аз ҳамёни электронии «Душанбе-Ситӣ», 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ