Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 39 ва 30-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 24-уми марти соли 2025 ҳангоми дар суроғаи хиёбони Шерозии шаҳри Душанбе дар назди терминали худхизматрасонӣ, ки ба ҶДММ “Пардохт-ТҶ” тааллуқ дорад, қарор доштанашон бо купюраҳои пешакӣ тайёркардаашон, ки онҳо махсус бо скоч насб гардида буданд, вориди терминали худхизматрасонии мазкур шуда, купюраҳои ҳоло пурра вориди терминал нагардидаро ҳамон лаҳза бозпас кашида мегиранд, ки бо ин роҳ дар се марҳила ба маблағи 4 ҳазору 600 сомонӣ ба тавозуни ҳамёни электронӣ, мутааллиқ ба ҶСП “Душанбе Сити” пайвастбуда интиқол мегардад, аммо дар асл бошад купюраҳо дар ҳаҷми 4 ҳазору 600 сомонӣ ба дохили терминал ворид намешаванд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо банди “б” қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздони терминал
Блоки рекламавӣ


