Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Исломов Умед ва Саидзода Эҳсон, сокинони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки Исломов У., қаблан ду маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. Аммо, ба худ хулосаи зарури набароварда, шаби 4-уми декабри соли ҷорӣ, ҳамроҳи Саидзода Э., ба бинои Корхонаи воҳили давлатии «Бақаидгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев ворид гардида, аз он ҷо 5-адад ноутбукҳои гуногунро рабудаанд.
Гумонбарон айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Оид ба дигар кирдорҳои ҷиноятии дастгиршудагон тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь