Чандест дар ҳудуди маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, силсила ҷиноятҳои дуздӣ аз воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, боиси изтироби ҷабрдидагон гардида буд. Дар ин замина кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи мазкур як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ сохта, ҳамчун гумонбар шаҳрвандон Давлатов Раҳмиддин, Шамсов Умед ва Зоирзода Саидакрам, сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуда, ки гумонбарон давоми ҳамагӣ чанд шабонарӯз, оинаҳои беш аз 24-воситаи нақлиёти шаҳрвандонро шикаста, дар баробари рабудани маблағ ва телефонҳои мобилӣ, ҳамзамон ба ҷабрдидагон зарарҳои гуногуни молиявӣ расонидаанд.
Айни замон дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Дуздон аз “Ховарон” ба даст афтоданд
Блоки рекламавӣ


