Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми июли соли 2025, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 14-Промакс”, ки арзишаш 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 21-уми июли соли 2025, тахминан соати 09:40-дақиқа, аз заминҳои хоҷагии деҳқони «Ганҷи-Ҳилол» бо роҳи пинҳонӣ 1-адад чорвои калони шохдорро, ки ба марди 67-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.