Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили молбозори шаҳри Ваҳдат 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони19-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри мазкур содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 65-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки 11-уми ноябри соли 2025, шахсони номаълум аз назди даромадгоҳи хонаи истиқоматиаш 1-адад скутери тамғаи “Утка”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғони 17, 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь