Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян гардид, ки Идиев А.Ҳ. аз 20 июни соли 2023 то инҷониб дар вазифаи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро дар ҳолати зерин содир намуд.
Чунончи, Идиев А.Ҳ. қасдан ва бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ бо роҳбари ҶДММ «Ясир Инкишоф» – Гадоева И.Н. сухан як намуда, давоми солҳои 2023 – 2024 барои гӯё ба корҳои ободонии ҷамъиятӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар якчанд ҳолат ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда ҷамъ маблағи 199 900 сомонӣ гузаронида, ба воситаи Гадоева И.Н. онро нақдӣ кунонида гирифтанд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Идиев А.Ҳ. ва Гадоева Н.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо андешидани чораҳои мурофиавӣ зарари ошкоршуда пурра ба давлат барқарор карда шуд. Парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар додааст.

Дуздии 200 000 сомонӣ вз буҷаи кишвар
Блоки рекламавӣ


