Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон як ҷавони 19-сола дастгир гардид, ки бозору бонкҳоро мавриди дуздӣ қарор медодааст.
Милитсияи Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дастгиршуда Буронов Парвиз Урозалиевич соли таваллудаш 2006 буда, дар 5 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад, ки ҳамаи ҷиноятҳои дуздиро бо ниқоби пӯшида содир намудааст. Чунончӣ:
Дастгиршуда Буронов Парвиз аввалҳои моҳи июни соли равон бо мақсади тасарруфи амволи ғайр вориди бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар гардида, аз дӯкони фурӯши ангуштарину гушвораҳо, ки ба шаҳрванд Гулова Мория тааллуқ дорад, тариқи зада шикастани қулфи дар маблағи 3000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Ҳамзамон шабона санаҳои 14 ба 15 июни соли ҷорӣ вориди бозори «Ҳоҷӣ-Шариф» шуда, аз дорухонаи шаҳрванд Мирзоев Шодмон бо роҳи шикастани тиреза вориди он гардида, 1000 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Номбурда дар идомаи амалҳои ҷинояткорона бо ашёи оҳанин дари даромадгоҳи Маркази хизматрасонии Ташкилоти амонатии қарзии «Ҳумо»-ро зада шикаста, баъди ворид гардидан маблағи 80860 сомонӣ ва 150 доллари ИМА-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Дастгиршуда Буронов бо ин ҳама қаноат накарда, ҳамон шаб бо ашёи оҳанини бо худ доштааш дари даромадгоҳи Маркази хизматрасонии Комерсбонки Тоҷикистон, воқеъ дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтарро шикаста, ғайриқонунӣ вориди бино гардидааст, ки дар ин ҳолат таҷҳизоти техникии хабардиҳанда ба кор даромадааст. Баъди шунидани садои таҷҳизоти худкор ҷиноятро ба анҷом нарасонида, тарки ҷои ҳодиса намудааст.
Бо ба рӯй кашидани ниқобу пинҳон намудани чеҳраи аслии худ номбурда гумон дошт, ки кирдорҳои ҷинояткоронааш пинҳон мемонанд. Бехабар аз он, ки дар ҳама ҳолат парда аз рӯи ҷиноятҳо кушода шуда, нафарони ҷиноятпеша назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Айни замон нисбати дастгиршуда Буронов Парвиз тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, чорабиниҳои тафтишотӣ ҷиҳати даст доштан ва ё надоштани дастгиршуда ба дигар ҷиноятҳо идома дорад.