Кормандони милитсия дар вилояти Хатлон як сокини шаҳри Ваҳдатро, ки қолиҳои масҷидро медуздид, дастгир карданд.

Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кушониён муайян карда шуд, шаҳрванд Ҳамроев Сино Абосалиевич соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат, ки гузаштаи доғдори ҷиноӣ дораду қаблан ду маротиба бо моддаҳои 247 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, такроран даст ба содир намудани ҷиноят задааст. 13 июни соли равон дастгиршуда тариқи пинҳонӣ бо мақсади дуздӣ вориди масҷиди ҷомеаи панҷвақтаи  Меҳрқанди ноҳияи Кушониён гардида, аз он ҷо ду қолии гуногунранги андозаашон  3 ба 4 метр ва 3 (се) навиштаҷотро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Айни замон дастгиршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кушониён нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ

бо моддаи 244, қисми 2, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь