Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди 31 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирфита шудааст, ки аз он то имрӯз 23 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.
Идибекзода Љўрабек, мудири шуъбаи меъморї ва шањрсозии ноњияи Дўстї афзуд, ки ин корхонаҳо дар доираи эълон гардидани солњои 2022 – 2026 “Солњои рушди саноат” бунёд мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ то имруз 23 коргоҳу корхонааш бунёд шудааст, аз љумла 2 корхонаи коркарди пахта,1 корхонаи истењсоли собун,1 корхонаи коркарди чигит ва равѓан, 3 сехи коркарди регу шаѓал,1 коргоњи хишти сабук,1 коргоњи ќаннодї, 6 коргоњи коркарди орд,1 коргоњи коркарди шолї ва сехи коркарди меваю сабзавот барои хобондан, сехи истењсолии хишти сементї, корхонаи истењсоли битон, корхонаи истењсоли шифри азбистї ва дигар коргоњу корхонањои саноатӣ бунёд гардидаанд.
Ӯ афзуд, ки дар доираи љашни 35 – солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ 267 бинову иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯ 257 ададаи онҳо ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншоот сохтмон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь