Дар хоҷагии деҳқонии ” Регар”-и ноҳияи Дӯстӣ дар масоҳати се гектар замин боғи ангур ташкил карда шудаст, ки дар он 6 намуди ангур парвариш карда мешавад.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Регар”-и ноҳияи Дӯстӣ Қодирҷон Салимов, гуфт, ки дар мавсими имсола аз токзораш беш аз як тонна ангур ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нархи хело арзон аз 2 то 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки айни замон токзори ин хоҷагии деҳқон пур аз ҳосил аст ва харидорон ҳамарӯза омода бо нархи арзон ва яклухт аз сари замин ҳар як килограми ангурро харидорӣ карда истодаанд.
“Дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 14 миллиарду 70 миллион сомонӣ расидааст”- гуфтааст муовини аввали раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь