Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва барномаи “STEM”, яъне маблағгузории “Бонки Осиёии Рушд” як муассисаи таълимии сеошёна бунёд карда мешавад, ки ҳама системаи он бо панелҳои офтобӣ фаъолият мекунанд.
Маҳмадшариф Камолов, директори муассисаи таълимии рақами 15, ноҳияи Дӯстӣ ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки дар доираи барномаи мазкур, яъне омӯзиши фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар назди мактаби 15- и ноҳия бунёди муассисаи таълмии сеошёна рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Мактаби мазкур аз 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, лаборатория, ду утоқи корӣ ва маркази барвақтии инкишофи кӯдак иборат мебошад.
Ба гуфтаи манбаъ, мактаби нав бо 24 панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои лифт буда, ҳамаи системаи мактаб бо панелҳои офтобӣ фаъолият мекунанд. Сохтмони ин мактаб аз моҳи апрели соли 2026 оғоз гардида, дар назар аст, ки то охири соли равон ба истифода дода шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон дар доираи барномаи “STEM” 30 нафар хонандагон аз ҳисоби духтарон идрорпулӣ ба маблағи 20 доллари ИМА гирифта истодаанд. Инчунин ба ду нафар омӯзгорони ҷавоне, ки дар риштаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ ранҷ мекашанд, 450 сомонӣ ва боз идрорпулии дигар барои омӯзгороне, ки хонандагонашон фаъол будаву дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, ба миқдори шаст доллари ИМА мегиранд. Дар ин баробар он омӯзгороне, ки дар самти фанҳои дақиқ ва риёзӣ корҳои илмӣ доранд, ба миқдори 900 долар идрорпулӣ мегиранд ва ҳоло озмуни он рафта истодаст,-иллова кард мусоҳиби мо.

Дӯстӣ: Мактабе, ки бо панелҳои офтобӣ фаъолият мекунад
Блоки рекламавӣ


