Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, ки дар кӯчаи ба номи А.Каримови ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳия корхонаи истеҳсолии шифер бунёд гардида истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони корхонаи истеҳсолии шифери асбестӣ аз тарафи ҶДММ «Манзараҳои Вахш» дар соли 2025 оғоз гардида буд.
Гуфта шуд, ки корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи ҶДММ «Манзараҳои Вахш» ба маблағи 7 миллион сомонӣ сохтмони бинои нав бо таҷҳизоти замонавӣ ба нақша гирифта шуда, дар арафаи анҷомёбист.
Корхонаи мазкур барои истеҳсол ба микдори 685400 дона шифер солона ба нақша гирифта шудааст. Майдони умумии корхона ба микдори 0,45 гектар ва шумораи коргарон 45 нафар мебошад.
Баъди ба истифода додани корхона муассисон ба нақша гирифтанд, ки истеҳсоли лулаҳои обгузарро (кубурҳо) дар ҳаҷми гуногун истеҳсол намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь