Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ бинои муассисаи таълимии томактабии рақами 3-ро мавриди истифода қарор дод.
Муассисаи мазкур аз ҷониби роҳбари хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов соҳибкори маҳаллӣ Бекмурод Холов аз нав бунёд гардида, барои ба таълим фаро гирифтани 180 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Зимни ба истифода додани муассисаи мазкур раиси вилояти Хатлон ба масъулин ва соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди чунин як муассисаи наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бунёди чунин муассисаро идомаи иқдому ташабусҳои созандаи Роҳбарияти Олии мамлакат маънидод кард.
Дар муассисаи томактабии навбунёд синфхонаҳои таълимӣ, утоқҳои хоб бо катҳои наву замонавӣ, ошхона ва толори бозӣ барои кӯдакон муҳайё буда, муассиса дар таълиму тарбияи насли навраси деҳаи Ғалаба ва қисман деҳаҳои марказӣ саҳм хоҳад гузошт.

Дӯстӣ: Ифтитоҳи кӯдакистон бо иштироки раиси вилоят
Блоки рекламавӣ


