Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ташаббуси раиси ноҳия Нишонзода Даврон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия дар як солу се моҳ ба 42 нафар омӯзгори эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода иттилоъ дод, ки чанде пеш аз ҷониби раиси ноҳия ба 12 нафар омӯзгор қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист дода шуд.
Ӯ афзуд, ки ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи иди касбии омӯзгорон соли гузашта ба 30 нафар омӯзгори ҷавони ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода шуда буд.
Раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон рӯзи 10 феврали соли 2023-юм дар нишасти хабариаш иттилоъ дода буд, ки соли гузашта ба 30 нафар омӯзгори ноҳия замини наздиҳавлигӣ доданд.
– Ба масъулони шуъбаи маориф ва тандурустии ноҳия супориш додем, рӯйхати омӯзгорони ҷавон ва табибонро пешниҳод кунанд. Мо имкон дорем ба 100 омӯзгор ва 100 табиби дигар замини наздиҳавлигӣ диҳем, – гуфт раис. – Ин иқдом ба хотири аз байн бурдани норасоии омӯзгорон ва табибон дар муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи тиб ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтани онҳо амалӣ карда мешавад, – илова кард Нишонзода Даврон.
Бояд гуфт, раисони ноҳияҳои Кушониёни ва Хуросони вилояти Хатлон низ соли гузашта ба даҳҳо омӯзгори эҳтиёҷманд замини наздиҳавлигӣ дода, боз тасмим доранд, ки имсол низ ба омӯзгорони ниёзманд замин диҳанд.