Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон баъд аз шаҳри Бохтар ва Левакант аз иҷрои ҷамъоварии ҳосили пахта мужда дод. Дар ин бора аз Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Ноҳияи Дӯстӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро 101,66 дарсад иҷро кардааст.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ёқуби Шамсиддин» боздид намуда, бо фаолияти он шинос гардид.
Зикр шуд, ки фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо барои афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон, дар инҷо раиси вилоят дар маросими ҳавасмандгардонии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пахтакороне, ки дурнамои пахтасупориро иҷро кардаанд, ширкат варзида, ба пешсафон тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь