Дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар таъмиру бунёди 267 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 264 иншоот ё 98,8 фоиз сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин бора Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи мазкур зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 390,9 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 71,4 млн сомонӣ ё 117,1 фоиз зиёд мебошад.
Ӯ афзуд, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 31 ададро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 10 корхона фаъолият накард. Соли 2025 чор корхонаю коргоҳ бо 60 ҷойи кории нав мавриди истифода қарор дода шуд.
Блоки рекламавӣ



