15 ноябр дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Роҳи ормонҳои Пешвои муаззами миллат» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода нақш ва хизматҳои арзандаи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле муассир арзёбӣ намуд.
Сипас муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба ҳозирин паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ намудани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ — сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Дар идома собиқадорони меҳнат ва арбобони илми кишвар баромад намуда, нақш ва саҳми боризи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори давлатдории тоҷикон хеле бузург арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар бо савту наво ва суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватан ва садоқат ба Президенти маҳбуби мамлакат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь