Муштариёни “Душанбе Сити Бонк” шикоят доранд, ки қариб як ҳафта боз наметавонанд ба ҷое пул фиристанд ё баръакс пул қабул кунанд.
Дар намояндагии бонк гуфтанд, аз сабаби он ки дар як вақт муштариёни зиёд тамос гирифтанд, натавонистанд, ба ҳама посух диҳанд, вале ҳоло дигар хати тамосашон фаъол аст.
Дар бонки “Душанбе Сити” гуфтанд, низом ё системаи кори онҳо мавриди ҳамлаи ҳакерон ё рахнагарон қарор гирифтааст. Беҳрӯз Неъматзода, намояндаи “Душанбе Сити Бонк”, гуфтааст: “Аз дақиқаҳои аввал гурӯҳи мутаххассисон ва коршиносони амнияти иттилоотӣ фаъолият мебаранд. Мо фавран чораҳои заруриро андешидем ва айни замон вазифаи асосии ҳамён барқарор шуд. Кори он тадриҷан ба ҳолати устувор бармегардад. Пули истифодабарандагон ва маълумоти шахсӣ дар амнияти комил қарор дорад.”
Намояндагони бонк гуфтанд, бо ҳал шудани мушкил масъалаи баргардонидан ё барқарор кардани пули муштариён шуруъ шудааст.
“Душанбе Сити” яке аз бонкҳои Тоҷикистон аст, ки зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.

“Душанбе Сити”-ро кадом “ҳакер” шикаст?
Блоки рекламавӣ


