Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи филиали “Урбакон Трейдинг Энд Контрактинг Компани”, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки 1-уми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амбори маводҳои сохтмонии филиали номбурда даромада, аз онҷо таҷҳизотҳои сохтмониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки зарари расонидашуда 8 ҳазору 10-доллари амрикоӣ ва 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 38 ва 32-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки гумонбаршавандагон 11-уми феврали соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ ба амбори маводхои сохтмонии филиали “Урбакон Трейдинг Энд Контрактинг Компани”, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, аз онҷо таҷҳизотҳои сохтмониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 944 доллару 47-сенти амрикоиро ташкил медиҳад.
Хамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 11-уми феврали соли 2026, тахминан соати 02:00 ҳангоми дар маркази дилхушии “Бухоро палас”, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ қарор доштанаш, Бузургмеҳр ном шахс бо ҳамроҳии рафиқаш аз ҷейбаш 2 ҳазор сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 17 промакс”-ро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Душанбе: Се ҳолати дуздӣ
Блоки рекламавӣ


