Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим тамбашавӣ дар ҷодаҳо, ба вижа дар пойтахтро яке аз мушкилиҳои асосии ин соҳа номид. Моҳҳои ахир сокинони зиёде дар Душанбе аз тамбашавии роҳҳо шикоят мекунанд.
Мавсуф дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод аз ин вазъ нигаронӣ кард. Тамбашавӣ сабаби дер мондани одамон ба кор, асабонияти ронандагону мусофирон ва садамаҳо шуда, ба кори хадамоти фаврӣ мисли “Ёрии таъҷилӣ”, халал мерасонад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабабҳои асосии тамбашавии мошинҳоро ба афзоиши аҳолӣ ва шумори воситаҳои нақлиёт, рабт дод.
Азим Иброҳим дастур додааст, ки “оид ба тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати коҳиш додани тамбашавӣ пешниҳодҳо манзур намоед”.
Ин мушкилро муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Салимзода ҳам ба таҳлил кашида, гуфтааст, ки аз соли 2021 то 2024 шумораи мошинҳои шахсӣ дар шаҳр қариб 66 дарсад зиёд шуд. Теъдоди мошинҳо дар пойтахт қариб ба 145 ҳазор расидааст.
Сабаби аслии тамбашавӣ, ворид шудани шумораи зиёди мошинҳо аз ноҳияҳои атроф ба пойтахт аст. Ба гуфтаи Раҳмиддин Салимзода, дар як шабонарӯз аз шаҳру ноҳияҳои дигар беш аз 44 ҳазор мошин вориди Душанбе мешавад.
Зиёд шудани шумораи таксиҳо дар пойтахро ҳам муовини раиси шаҳри Душанбе яке аз сабабҳои дигари эҷоди тамбашавӣ дар роҳҳо номид. Ҳоло теъдоди таксиҳо дар пойтахт ба 12 ҳазор адад расидааст.
Ба пешниҳоди Муовини раиси шаҳр, бунёди пулҳои болои роҳ ва ҷудо кардани хатти нақлиёти мусофирбар мисли кишварҳои дигар, метавонад вазъро беҳтар кунад.

Душанбе: Роҳи наҷот аз тамбашавии нақлиёт кадом аст?
Блоки рекламавӣ


