Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Прокуратура гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Меҳргон», «Фаровон», «Саховат», «Ховарон» ва тамоми дӯкону марказҳои савдои хурду бузург корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи якум беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ ошкор карда шуд.
Нисбат ба нафароне, ки дидаю дониста маҳсулотро аз меъёри муайяншуда гарон мефурӯшанд, барои фиреби истеъмолкунандагон бо моддаи 627 ва барои худсарона баланд бардоштани нархи махсулот бо моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дар робита ба ин масъулин тоҷиронро даъват менамоянд, ки нархи маҳсулотро худсарона баланд набардоранд. Баръакс бо фаъолияти тиҷоратӣ барои фаровонии дастурхон ва дастрасии шаҳрвандон ба маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат намоянд.

Душанбе: Ошкор шудани 40 далели гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ
Блоки рекламавӣ


