“Аз 20 то 23 ноябр шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мешавад” – хабар додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа 20–21 ноябр байни наврасон баргузор гардида, дар он 333 варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар ин бахш 179 писар ва 11 духтар намояндагӣ мекунанд.
Мусобиқа байни ҷавонон 22–23 ноябр доир мешавад. Дар ин мусобиқа 276 ҷудочӣ аз 6 кишвари Осиё йувва меозмоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 писар ва 10 духтар дар татамии Душанбе мубориза мебаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь