17 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мешавад.
Форум бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мегузарад.
Дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон ширкат мекунанд.
Дар форум масъалаҳои ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаи назаррас байни давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ дида баромада мешавад.

Душанбе мизбони Форуми сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ
Блоки рекламавӣ


