Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз имзои ёддошти тафоҳум бо чанд ширкати корегияӣ бар сари бунёди метро дар Душанбе хабар додааст.
Вазорати нақлиёт 17-уми ноябр навишт, “лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе” аз ҷумлаи санадҳои имзошуда аст.
Ҷузъиёти бештари ин лоиҳаҳо маълум нест.
Вазорати нақлиёт навиштааст, бо ҳадафи татбиқи ин лоиҳаҳо рӯзҳои 11-12 ноябр дар Душанбе давраҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Мақомоти Тоҷикистон пештар хабар дода буданд, ки бо ҳадафи кам кардани тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мехоҳанд дар Душанбе ҳадди ақал се хати метро бунёд мекунанд.
Ба гуфтаи мақомот, феълан танҳо корҳои асоснокуни лоиҳа рафта истодаанд ва сухан дар бораи оғози сохтмони метро ҳанӯз барвақт аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь