Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми октябри соли 2025, дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, як адад автамашинаи тамғаи “BAIC BJ 80” соли бароришаш 2024-ро ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ба мӯҳлати 15 шабонарӯз гирифта ваъда медиҳад, ки дар ноҳияи Данғара 20-километр роҳи мошингардро таъмир мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, автомошинаи мазкурро ба дигар шахс ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ бар ивази қарзҳояш додааст.
Номбурда бо ин кирдораш ба ҷабрдида зарари махсусан калон расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь