“Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид”, – иттилоъ додаанд аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 созишнома ба маблағи 333,5 миллион доллари амрикоӣ, дар соҳаи саноат 9 созишнома ба маблағи 386 миллион доллари амрикоӣ, Вазорати энергетика 5 созишнома ба маблағи 2,4 миллиард доллари амрикоӣ бо шарикони худ ба имзо расониданд. Чор созишномаи дигар дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расиданд, ки маблағи умумии онҳо 8,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 нафар иштирокдорон-меҳмонон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна ҳузур доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь