Маҳаллаҳои рақамҳои 32 ва 104, биноҳои истиқоматии ноҳияҳои Сафо ва Қайроққум, биноҳо дар хиёбони Айнӣ – дар ин ҷойҳо рӯзҳои наздик хизматрасонии «Интернет барои хона» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастрас мегардад, хабар медиҳад “Ховар”
Оператор ба дастрасии интернети босуръати ноқилӣ дар биноҳои серошёна, маҷмааҳои нави истиқоматӣ ва иншооти тиҷоратии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Соли 2025 фарогирии GPON боз дар се маҳаллаи сераҳолаии Душанбе, ки зиёда аз 9 300 ҳуҷраро дар бар мегирад, пайдо шуд.
Асоси рушди дастрасии собити баландсуръатро ба интернет (ТМСБ) технологияи муосири GPON – Gigabit Passive Optical Network ташкил медиҳад. Он пайвастшавии устуворро бо суръати то 1 Гбит/с кафолат дода, барои интиқоли сигнал дар масофаҳои дур бе талафот имкон медиҳад ва ҳатто ҳангоми сарбории зиёди шабака кори боэътимоди интернетро таъмин менамояд. Илова бар ин, кори муътадили Wi-Fi дар дохили хонаводаҳо таъмин мегардад. Вазифа – ба сокинони пойтахт пешниҳоди хизматрасоние аст, ки барои тамоми оила барои якбора онлайн будан кумак мерасонад: ба таври дурдаст иҷро намудани вазифаҳои корӣ, омӯхтан, истироҳат кардан ва ҳамеша дар алоқа мондан.
«Интернет барои хона» теъдоди ҳарчи бештари маҳаллаҳои Душанберо фаро мегирад. Дар айни замон ширкат силсилаи нави тарофаҳоеро, ки талаботи гуногуни истифодабарандагони дастрасии собитро ба инобат мегиранд, омода менамояд. Ҳамзамон пешниҳодҳои муфиди баставӣ, ки ҳузуру ҳаловат ва сарфакориро омезиш медиҳанд, таҳия мегарданд. Хизматрасонӣ низ беҳтар мешавад: акнун муштариён метавонанд мустақилона имконияти пайвастшавиро аз рӯи суроғаи худ бисанҷанд ва дар сомонаи home.megafon.tj, бе зарурати занг задан ба маркази тамос дархост гузоранд.