1 феврал дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, муайян ва дастгирӣ намудани варзишгарони боистеъдод, интихоб ва омодасозии онҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Инчунин баргузории мусобиқа барои тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории варзишӣ байни клубҳо ва муассисаҳои варзишии ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарон ва рушди ҷиу-ҷитсу ҳамчун намуди муосири варзиш дар мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд. Бо интихоби роҳбари нави федератсия дастгирии варзишгарон боз ҳам тақвият ёфта, намояндагони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Аз рӯзҳои нахустини фаъолият роҳбари нави федератсия табодули таҷриба ва донишро дар сатҳи байналмилалӣ дар меҳвари фаъолият қарор дода, бо ин мақсад бо фаъолияти мактабҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон ва Амороти Муттаҳидаи Араб шинос шуд.
Татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ метавонад ба болоравии сатҳи ҷиу-ҷитсу ва маъруфияти он дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь