Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти махсуси «Ахлоқ ва тартибот» фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, амалиёт дар заминаи муроҷиат ва шикоятҳои пайвастаи сокинон доир ба халалдор намудани оромии шабона ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби марказҳои дилхушӣ гузаронида шуд.
Нисбат ба соҳибмулкони ин марказҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуда, маводи зарурӣ барои баррасии минбаъда ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардид. Ҳамзамон бо шаҳрвандоне, ки дар марказҳои дилхушӣ буданд, оид ба риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда, фаъолияти марказҳои дилхушӣ бояд дар доираи иҷозатнома, бо риояи реҷаи муқарраршуда ва талаботи тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад. Риоя накардани ин меъёрҳо на танҳо ба муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад, балки ҳуқуқу оромии шаҳрвандонро халалдор месозад.
Мутаассифона, дар аксар ҳолатҳо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин марказҳо то дер вақт, баъзан то соатҳои 3–4-и шаб фаъолият менамоянд. Онҳо реҷаи кории тасдиқшударо риоя намекунанд, садои баланд, нақлиёти зиёди бе танзим дар атрофи марказ, ҷамъомади ҷавонони маст ва ҳолатҳои ошкорои ахлоқшиканӣ боиси халалдор гардидани оромии сокинон мегарданд. Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин марказҳо на танҳо қонун, балки ҳуқуқи шаҳрвандонро низ поймол мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь