Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо байни навҷавонон, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, чаҳор медали тило гирифтанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), мусобиқа байни навҷавонон бо иштироки 276 варзишгар (243 писар ва 33 духтар) аз панҷ кишвари минтақа – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) доир гардид.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи навҷавонон 186 варзишгар (176 писар ва 10 духтар) муаррифӣ намуданд.
Чаҳор медали тилоро навҷавонони тоҷик дар рақобатҳо байни писарон соҳиб шуданд: Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Бинёмин Назиров (-73 кг), Зикриоллоҳ Шарипов (–81 кг) ва Панҷшер Муъминов (-90 кг).

Душанбе: Чор медали тило дар Ҷоми ҷудои Осиё
Блоки рекламавӣ


